formula
БОБУР РАҶАБОВ ВА САЪДИИ БӮРИЗОД АЗ ИМТИҲОНИ COVID-19 ГУЗАШТАНД
2487

 

Овозхони ҷавони эстрадаи тоҷик Бобур Раҷабов ва модараш, ки сар аз 11-уми май аз бемории «коронавирус» азият мекашиданд, ҳолашон рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Ба гуфтаи худи овозхон, модару писар дар шароити хона ба табобат машғул мешаванд, вале фоидаи доруву дармонро ҳис намекунанд. Пас аз ин модари овозхонро ба Маркази миллии тиббии «Шифобахш» (беморхонаи Қарияи боло) мебаранд ва худи овозхон бошад, табобатро дар хона идома медиҳад. Бо гузашти 10 рӯз аз байн Бобур Раҷабов хабар дод, ки шифо ёфтааст ва модараш низ аз бемористон ба хона ҷавоб шудааст. Мутаассифона, коронавирус сабаби марги бармаҳали модари сарояндаи дигар гашт. Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, овозхони дигари тоҷик Саъдии Бӯризод низ аз бемории COVID-19 азият мекашид ва дар Маркази саломатии шаҳрии рақами 1 (беморхонаи 1-ум Советский) бистарӣ буд. Ӯ низ аз ин имтиҳон гузашт ва ба «коронавирус» ғолиб омад. Овозхон аз бемористон мураххас шуда, дар ҳалқаи пайвандонаш қарор дорад. «Ин як зукоме буд, ки ман дар беморхона давоми қариб 10 рӯз табобат гирифтам ва шифо ёфтам. Ба овозаву ҳангомаҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, бовар накунед. Худамро хеле хуб ҳис мекунам. Ҳар саҳар медавам, ба варзиш машғул мешавам. Бар замми ин, бо мухлисони азизам дар тамос ҳастам»,-мегӯяд, Саъдии Бӯризод. Мутаассифона, овозхон бар асари ин бемории ҳамагир модари худро аз даст дод. Саъбагул Бӯриева, модари овозхон санаи 7-уми май ҷон дода буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД