Мавҷуда ҳастам. Сокини пойтахт, 19-сола. Маро бобоям маҷбуран бо писари холаам хонадор карданист.
Падару модарам ба издивоҷи мо розӣ нестанд, ману писархолаам низ ин никоҳро намехоҳем. Писархолаам дӯстдошта дорад, аммо калонҳоямон он духтарро келин кардан намехоҳанд. Бобоям модарамро таҳдид кардааст, ки агар бо апаат қудо нашавӣ, аз баҳрат мегузарам, тасаввур мекунам, ки ман чунин духтар надорам. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед, магар никоҳи маҷбурӣ бахт меорад?