Аксарият аз фазои нохуби сегменти тоҷикии Инстаграм забони шиква мекушоянд. Онҳо далел меоранд, ки насли наврас ба таҳияву паҳн кардани наворҳое машғуланд, ки ахлоқи ҳамсолонашонро коста месозад.
Дар ҳақиқат, ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Инстаграм барои наврасону ҷавонони мо як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёт маҳсуб меёбад. Аммо ба андешаи инҷониб, набояд танҳо тарафи манфии ин масъаларо бинем. Дуруст аст, ки бархеҳо одобу ахлоқро риоя намекунанд ва албатта, корашон беҷазо намемонад, вале набояд фаромӯш кард, ки маҳз тавассути Инстаграм садҳо истеъдоди кашфношуда миёни мардум муаррифӣ шуданд ва роҳи зиндагии худро пайдо карданд.
Яке аз блогерони машҳуру маҳбуб, ки ҳатто худаш ба муваффақ шуданаш бовар надошт, ин Бобоҷони Холмурод мебошад.
Бобоҷонро ҳоло дар Инстаграм зиёда аз 144 ҳазор нафар пайгирӣ карда, наворҳояшро садҳо ҳазор кас мебинанд. Асосан, Бобоҷон вайнер (офарандаи саҳнаҳои хурди ҳаҷвӣ) мебошад. Албатта, мо вайнерони зиёд дорем, аммо шумораи камашон махсусан табиатан ҳаҷвнигор ҳастанд. Бобоҷони Холмурод бошад, аз ҷумлаи онҳоест, ки табиатан ҳаҷвнигор аст ва дар наворҳояш ҳамчун як одами табиӣ нақшофарӣ мекунад.
Бобоҷон бо блогерони бисёр машҳуру маъруф ҳамкорӣ мекарду мекунад. Аз ҷумла, бо Азиз Рабиев, Мадина Ҳалимова, Баҳора Рӯзиева, Фаридун Сафаров ва ғайраҳо наворҳои ҳаҷвӣ таҳия кардааст. Ӯ, ки нисбат ба синну солаш ҷисман хурд менамояд, бештар ба офаридани нақшҳои кӯдакона ҷалб мегардад.
Акнун саволе пайдо мешавад, ки як ҷавоне, ки ояндааш норӯшан буд ва бовар надошт, ки дар як муддати кӯтоҳ ба муваффақияти зиёд мерасад, чӣ гуна ба фазои блогинг омад ва худро сохт?
Дар як мусоҳиба Бобоҷон мегӯяд, ки сабаби асосии ба блогинг рӯ овардану блогер шуданаш ду кас аст. Якум, Ғолиб Мӯсоев ва дуюм Далер, ки он замон ҳамчун продюсери блогерон фаъолият мекард.
- Ман соли 2021 ба блогинг омадам. Ба ин пеша омаданам хеле ҷолиб аст. Як рӯз Ғолиб Мӯсоев ба акаи Далер, ки ҳамчун Бабаянс шинохта шудааст, пешниҳод кард, ки дар баробари дигар блогерон ҳамчун продюсер ва роҳнамо ба ман ҳам кумак кунад. Он кас қабул карданд ва ман ба кори блогерӣ оғоз кардам. Мо як вазифа доштем, танҳо наворҳои ҷолиб пешниҳод кардан. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста шумораи обуначиёнам зиёд шуданд ва то андозае шинохта шудам, - мегӯяд ӯ.
Дар ҳоли ҳозир Бобоҷони Холмурод бисёртар бо Фаридун Сафаров ҳамкорӣ мекунад. Онҳо ҳамроҳ ҳар рӯз наворҳои ҳаҷвии кӯтоҳ таҳияву пешниҳод мекунанд.