Бобоҷон, ҷавони тоҷик, ки аз бозии бурдноки Тамаев, блогери чечен мошини 8 миллионаро бурд карда буд, рӯзи якуми феврал ба Чеченистон сафар карду имрӯз туҳфаашро ба ӯ супориданд.
Дар расме, ки Бобоҷон дар саҳифаи инстаграмш гузоштааст, дида мешавад, ки Тамаев аллакай мошинро ба ӯ тақдим кардааст.
То замони ғолиб омадан дар бозии бурднок обуначиҳои Бобоҷон таи ҳазор нафар буданд, ҳоло бошад ин шумора ба 300 ҳазор наздик шуда истодааст.