goodwell
Бо ваъдаи омода намудани раводид маблағҳои шаҳрвандонро тасарруф кардааст...
03.07.2026
Oila.tj
131

Хоҷев Зикриё, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе дар содир намудани шумораи зиёди ҷиноятҳои қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, номбурда аз шумораи зиёди шаҳрвандон бо ваъдаи омода намудани раводид ба кишварҳои аврупоӣ маблағҳои гуногуни пулӣ гирифта, онҳоро фиреб додааст. Аз ҷумла, дар як марҳила аз 45 нафар ҳамчун пешпардохт дар ҳаҷми 90 ҳазор сомонӣ маблағи нақд гирифта, онро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

Вобаста ба кирдорҳои ҷиноятии Хоҷев З. дар ШВКД-1 дар ноҳияи Сино маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор доранд.

Аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки агар аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «Вотсап» ва «Телеграм» бо рақамҳои (+992) 0180202020 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД