Commerce bank may-june 2026
Бо татбиқи Қонуни афв беш аз 8 ҳазор нафар ба озодӣ баромадаанд
23.07.2026
Oila.tj
35

То кунун бар асоси Қонуни афв 8 ҳазору 8 нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳо шудаанд. Дар ин бора Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ҳамчунин, ӯ изҳор дошт, ки тибқи ин қонун 136 маҳкумшудаи ноболиғ аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шуда, 32 нафари дигар боқӣ мондаанд.
Қонун “Дар бораи афв” дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн имзо ва чанд рӯз баъд дар рӯзномаи “Садои мардум” нашр шуд. Тибқи он, давоми ду моҳ 18 ҳазору 38 маҳкумшуда, ки аксарашон дар зиндон адои ҷазо мекунанд, ба озодӣ мебароянд ва ё муҳлати ҷазояшон кам карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД