Sebiston new 2024 october
Бо сухани нарм дили зан об мешавад
30.11.2023
Mahina
1140


Дар урфият беҳуда нагуфтаанд:

Сухан бишканад минбару дорро
Зи сӯрох берун кашад морро

Сухани хуб ба мисли оҳанрабоест, ки атрофиёнро ба сӯйи соҳибаш мекашад. Фарқ надорад, ки бо дӯст сӯҳбат мекунӣ ё бо аҳли оилаат, агар суханонат самимӣ ва пур аз меҳру муҳаббат бошанд, албатта дили шунаванда гарм шуда, муҳаббаташ афзун мегардад, вале сухани сахту дурушт ҳатто бузургтарин ишқро низ оқибат ба хоки сиёҳ яксон намуда, дар дил тухми нафрат ва бадбинӣ мекорад.

Аз назари дини мубини ислом ба ҳамсари худ суханҳои нек гуфтан суннат аст. Намояндагони ҷинси латиф ба шунидани суханони хуш бештар ниёз доранд. Новобаста аз он ки зан чандсола аст, ҳамеша дилаш меҳрубонӣ мехоҳад. Навозишу меҳрубонии шавҳар барои зан беҳтарин тӯҳфа дар зиндагист.

Аз нигоҳи аввал ишқ як чизи оддӣ менамояд, вале зан ва мард онро ба таври худ ҳис мефаҳманд ва ҳис мекунанд. Мардон гумон мекунанд, ки занеро дӯст дошта, риштаи тақдирашонро бо ӯ пайвастанд, ҳамин худ исботи ишқ буда, барои худро хушбахт ҳис кардани зан кифоя аст, аммо зан мехоҳад ҳар рӯз аз забони шавҳараш шунавад, ки барои ӯ яккаву ягона ва дӯстдошта аст. Мушкил дар он аст, ки аксари ҷуфтҳо ҳамдигарро дӯст доранд ҳам, меҳру муҳаббаташонро баён карда наметавонанд. Бештар аз ҳамин сабаб байни зану шавҳар ҷангу ҷанҷол ба миён меояд.

Равоншиносон маслиҳат медиҳанд, ки нофаҳмиҳоро бо роҳи сӯҳбат кардан ва баён намудани фикру ақидаи худ бартараф намоед, вале аксари мардон ин корро дар шаъни худ намедонанд, зеро дар бораи ҳаёти худ қисса кардан ба назарашон мисли ҳисобот додан ба зан метобад.

Ду бегона дар як хона?!

Хурсанд нашавед, агар ҳамсаратон дар бораи чи кор кардану ба куҷоҳо рафтанатон пурсуков намекунад, ин нишонаи он аст, ки ҳаёти шумо барои ӯ тамоман ҷолиб нест ва аслан барояш фарқ надорад, ки имрӯзҳо шумо ба чӣ кор машғулед. Ҳарчанд дар баратон бошад ҳам, руҳан вай аз шумо фарсахҳо дур аст ва шояд дӯстатон ҳам намедорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД