Бо шавҳари мумсик чӣ кор кунам?
13.06.2025
Oila.tj
324

Ману шавҳарам 10 сол аст, ки зиндагии якҷоя дорем. Бо муҳаббат издивоҷ кардем ва соҳиби се фарзанди олиҷаноб шудем - ду писар ва як духтар. Вале шавҳарам бисёр хасис аст. Хаста шудам аз гуфтан, ки ба ман чизе аз либос бихарад ё бо фарзандонам якҷо ба сайри шаҳр бароем.

Пеш аз таваллуди фарзанди сеюмам ман кор мекардам ва ба шавҳарам дар буҷаи оила кӯмак мерасондам. Он вақт то чӣ андоза хасиси будани ӯро эҳсос намекардам, зеро чизҳои заруриамро худам мехаридам.

Зиёда аз як сол аст, ки ман бо кӯдак дар хона нишастаам ва баъзан мисли ҳар як зани муқаррарӣ мехоҳам ба ҷое равам, либоси нав пӯшам. Аммо вақте ки ман мавзӯи хариди либосро оғоз мекунам, шавҳарам зуд асабӣ мешавад ва мегӯяд: “Нест пул!”.

Вақтҳои охир ҷангҷолҳои мо зиёд мешавад. Ман аллакай аз фаҳмидани он ки ӯ пули кофӣ надорад, хаста шудам, зеро ҳар қадаре ки сарфа мекунам, хасисии ӯ бештар мешавад. Росӣ хаста шудам. Мехоҳам аз ӯ ҷудо шавам. Ман мефаҳмам, ки ӯ миллионер нест, аммо охир метавонад ҳадди аққал дар як сол як либос харед ё барои сарфаҳои занона ба ман маблағ диҳад.

Ман намоз мехонам, кӯшиш мекунам, ки зани хуб ва порсо бошам, аммо вақте хасисии шавҳарамро мебинам, девона мешавам.

Лутфан ба ман маслиҳат диҳед, то бифаҳмам, ки чӣ кор кунам?

М. Т.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД