arzon replenishment
Бо пули Россия Ҳаҷ қабул мешавад?
04.06.2023
ОИЛА
599

Мо 5 бародари муҳоҷир чандин сол боз дар Якутия кор мекунем. Дар хунукии 50 дараҷагии ин минтақаи сард тоқат карда, дар сохтмон кор карда, чор танга пул ёфтан кори саҳлу осон нест, вале ба хотири пеш бурдани зиндагӣ мо ин ҷоро макон кардаем. Шукри худо, ҳамаамон бо пули дар Якутия кор кардаамон хонаву дари алоҳида сохтем, акнун мехоҳем модарамонро базиёрати хонаи Худо фиристем, вале ҳамсояи муллобашараамон гуфтааст, ки бачаҳои ту хизмати русҳои насрониро карда, пул меёбанд, бо пули онҳо ба ҳаҷ равӣ, ҳаҷҷат қабул намешавад Ростӣ ин гап ба мо бисёр сахт расид. Ҳазорон нафар муҳоҷирони тоҷик дар Русия кор карда, бо меҳнати ҳалол пул ба даст меоранд. Магар пули ҳамаи онҳо ҳаром аст? Фаҳмидан мехостам, ки бо пули Россия ба ҳаҷ рафтан мумкин аст ё не?

Диловар аз н. Рӯдакӣ

Барои ба ин саволи хонандаамон посух гирифтан мо ба яке аз уламои шинохтаи кишварамон Ҷамолиддин Хомӯшӣ муроҷиат намудем. Домулло гуфт, ба ҷуз пуле, ки аз фурӯши маводи мухаддир ва ё ягон кори ҳароми дигар ба даст омадааст, дигар ҳар маблағе, ки инсон бо роҳи пок ба даст меорад, истифодааш ҷоиз аст.

Пуле, ки онро кас бо меҳнати ҳалол ба даст меорад, танҳо ба хотири он ки соҳиби кор ғайри дин буд, ҳаром буда наметавонад. Новобаста ба он, ки музди меҳнати худро аз намояндаи кадом дину миллат мегирад, вақте инсон бар ивази меҳнати ҳалолаш маблағе ба даст меорад, он пул ҳалол аст ва метавонад онро барои рӯзгори худ ва дигар эҳтиёҷоташ бо дили пур сарф намояд.

Бо пули дар муҳоҷират кор карда ба зиёрати ҳаҷ рафтан ҷоиз аст, чунки муҳоҷиронро онро бо арақи ҷабин ба даст меоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД