Бо сабаби лат хӯрдани поям се моҳнамоз хонда натавонистам. Айни ҳол намоз мехонам, лекин ангуштҳои пойи ростам хам намешаванд. Бароям рукуду саҷда душвор аст. Дар ин ҳолат чӣ тавр намоз хонам?
Фараҳноз, ш. Хуҷанд.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Шумо дар ин ҳолат намозатонро нишаста гузоред ва ба ҳар тариқе, ки бароятон мусоид аст, пойҳоятонро дароз намоед. Худованд ба шумо шифои комил ато фармояд.