Маро падару модарам аз хурдӣ ба писари тағоям гаҳворабахш карда будаанд. Ҳамин сол домдшавнада днишгоҳро хатм кард ва мо бояд оиладор шавем, вале ростӣ ман бисёр дудила ҳастам.
Мегӯянд, ки тағо маҳрами гӯр ва писари тағо ба ҷои тағо аст. Магар ба писари тағо ба шавҳар бармадан гуноҳ нест?
Мадина, ш. Ҳисор
Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Писари тағо, писари амма, писари холаро гирифтан ҷоиз аст ва ин нуқта дар сураи Нисо, дар Қуръон низ дарҷ шудааст, ки ҷои шак надорад. Вале аз нигоҳи тиббӣ дақиқ кардан лозим аст, ки хунҳо ба ҳам муваффиқ набошанд, то дар рафти зиндагӣ мушкилиҳои дигарро ба миён наорад.