35 years of independency
Бо ошиқам гурехтаму пушаймон шудам!
10.10.2026
Oila.tj
145

Очаҷон! Ягона ғамбарору ғамгусори ман ҳамеша ту будӣ. Имрӯз, ки аз ту ҳазорон километр дур ҳастам, бештар мефаҳмам, ки сар ба домонат гузоштану дарду ғамамро ба ту гуфтан чӣ хушбахтии бузурге будааст. Ман бе дуои ту ва бе ризояти падару модар рахти сафар бастам. Маро бубахш, модарҷон!

Ишқ чашмамро кӯр карда буд. Насиҳатҳои туро мешунидам, вале намехостам маънояшонро дарк кунам. Падарам хостгории Умедро напазируфт. Медонам, ки аз аҳли хона танҳо ту зидди муҳаббати мо набудӣ ва мехостӣ зиндагии ман бо шахси дӯстдоштаам обод шавад.

Вақте дидем, ки розигии падарамро гирифта наметавонем, бо Умед қарор додем фирор кунем. Фикр мекардем, ба Русия меоем, кор мекунем, зиндагии нав месозем ва баъд ҳама чиз фаромӯш мешавад. Ман ҳам барқасди падарам ба сухани Умед даромада, хона, модар, падар ва ҳама азизонамро пушти сар кардам.

Аммо аз ҳамон рӯзе, ки аз хона гурехтам, рӯйи шодиро надидаам. Дар канори дӯстдоштаам ҳастам, вале дилам ором нест. Ҳар шаб хаёлам ба деҳа меравад. Фикр мекунам, ки баъди гурехтани ман аҳволи модарам чӣ шуд? Падарам чӣ ҳол дошт? Мардум чӣ гуфтанд? Оё байни ду хонадон ҷанҷоле сар зад? Худо накарда, магар аз беандешагии ман касе осеб дида бошад?

Ҳамин фикрҳо маро шабу рӯз азоб медиҳанд. Акнун мефаҳмам, ки барои ишқ ҳам сабр, ҳам андеша ва ҳам дуои падару модар лозим будааст. Муҳаббат набояд сабаби ранҷиши наздикон гардад.

Очаҷон, ман аз кардаам сахт пушаймонам. Духтари сарсахту беандешаатро бубахш. Агар рӯзе пешат баргардам, мехоҳам аввал сари худро ба домонат гузошта, гиря кунам ва аз ту омурзиш бихоҳам.

ГУЛПАРӢ, аз Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД