Ҷавонеро аз ҷонам бештар дӯст медорам, вале ӯ як камбудӣ дорад-дурӯғгӯ аст. Чандин бор бо гиряву зорӣ гуфтам, ки оқибати дурӯғ гуфтанҳояш хуб нест, вале гӯё ин одат бо хун ба вуҷудаш даромада бошад, ҳеҷ аз он даст намекашад.
Дудила шуда чӣ кор карданамро намедонам. Ба фикри шумо дар оянда ман бо чунин марди дурӯғгӯ хушбахтона зиндагӣ карда метавонам?
Нигина
Маслиҳат
Хоҳари азиз, Нигинахон! Худатон андеша намоед, вақте ки ба мард дар лаҳзаи душвортарини ҳаёт такя карда наметавонед, дар вақти даркорӣ ӯ дар паҳлӯятон нест, пайваста шуморо танқид намуда, ба саратон дод мезанад, магар бо чунин ҳамсафари ҳаётӣ кас хушбахт мешавад? Муҳаббати ин тоифаи мардон ҳамеша бебақост. Марди дурӯғгӯй ҳеҷ гоҳ занро хушбахт карда наметавонад. Барои ҳамин аз ҳоло ҳама рафтору кирдори ошиқатонро дар тарозуи ақл баркашида ба хулосаи қатъӣ биёед: шумо ӯро дӯст медоред ва ба хотири муҳаббаташ азоб кашида, ба фиребу таҳқирҳояшро тоб меоред ё сари вақт ҷудо шуда, ин ҷавони дурӯғгӯйро фаромӯш месозед.
Албатта ишқро аз дил канда гирифтан кори осон нест. Решакан намудани ин ниҳолак ниҳоят душвору дарднок ва баъзан ҳатто номумкин аст. «Чашми ошиқ кӯр аст» мегӯянд, гоҳо дидаву дониста ба шахсе дил мебандӣ, ки аз доираи одаму одамгарӣ фарсахҳо дур аст. Ботлоқи дарди ишқ шуморо пурра накашида бошад, беҳтараш аз асорати он раҳоӣ ёбеду гурезед. Шояд шумо айни замон бо ошиқи дурӯғгӯятон хушҳол бошед, вале пайваста аз ояндаи худ дар ҳаросед. Умре аз гумони бовафо будан ё набудани ӯ азият мекашед. Оё медонед, ки дар чунин лаҳзаҳо чӣ бояд кард -дандон ба дандон монда, гӯё наркоз хӯред ва он қисмати дилатонро, ки дар он марди фиребгар ҷой гирифтааст, бурида партоед! Бигзор як муддат танҳои танҳо монед. Натарсед, ин танҳоии мувақатӣ аст, ҳатман дар ояндаи наздик мардеро меёбед, ки орӣ аз ин одати бад буда, шуморо ба маънии томаш хушбахт месозад.