Sebiston new 2024 october
Бо маълумоти олӣ дар Русия кўчарўб шудам
740

Салом! Ман як муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Тюмени Россия, мехоҳам саргузаштамро нақл кунам.

Маълумоти олӣ дорам. Замони кӯдакӣ шабу рўз чашмам аз китобу дафтар канда набуд. Бо тамоми ҳастиам мехондам, то ки дар оянда одами номдоре шавам. Ҳамсабақонам ҳазл намуда, мегуфтанд: «Ҷойи Ленинро гирифтан мехоҳӣ-чӣ, эй бача, охир камтар хон, ки дар сарат ягон тора мўй намемонад!».

Аммо ман ба мазоҳу масхараашон аҳамият надода, ҳамеша аз пайи илмомўзӣ будам, то ки донишамро сайқал диҳам. Тавонистам бо дониши худам ба донишгоҳ дохил шавам. Дар донишгоҳ низ ҳамеша пешқадам ва донишҷӯи таърифӣ будам. Ҳамин тавр, бо дипломи сурх донишгоҳро хатм кардам. Устодонам пешниҳод намуданд, ки дар кафедра муаллим шавам, вале забондарозӣ намуда, «ҷое меравам, ки кордам ҳамеша болои равған бошад» гуфтам.

Хулласи калом, дипломи сурхамро дар киса зада, ба дари чандин корхонаҳо сар халондам, вале навмед гуселам карданд. Аз чандин идораҳо бо дили хуншору чашми гирён берун шуда, оқибат аз корёбӣ умедамро батамом кандам ва қарор додам, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравам.

Бо дуои неки падару модарам тӯшаи сафар бастам. Инак, чанд сол боз бо дипломи олӣ дар мулки мардум кӯчарӯбӣ мекунам. Соати 3-и шаб аз хоби ширин хеста кӯчарӯбӣ меравам. Бесавод мебудам, боке набуд, вале аламам мекунад, ки донишгоҳро бо дипломи сурх хатм карда, оқибат хаскаши мулки ғурбат шуда мондам.

Маҳмадсаиди муҳоҷир

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД