Бо хиёнати шавҳар чӣ кор кунам?
08.02.2026
Oila.tj
249

Ассалому алайкум, азизони дил ва ҳамдардони ман... Ман як зани тоҷикам, ки имрӯз нони мусофириро бо оби дида фурӯ мебарам.

Тақдир чунин будааст, ки бори зиндагӣ бар дӯши ман афтод. Вақте шавҳарам аз дарди миён шикоят карду гуфт: “Ман кӯдаконро нигоҳубин мекунам, ту ба Русия бирав!”, дилам худ ба худ гувоҳии бад медод. Аммо барои ояндаи фарзандон, барои он ки дастархонамон холӣ намонад, лаб зери дандон гирифтаму роҳи дурро пеш гирифтам.

Дирӯз занги телефонии писарчаи хурдакакам дунёро дар назарам торик кард. Бо садои бегуноҳонааш гуфт: “Очаҷон, дадаам шабҳо духтари ҳамсояро ба хона меорад...”. Гӯё касе ба сарам оби хунук рехт. Он духтари ҳамсоя, ки худаш талхии ҷудоиро чашидааст, магар намедонад, ки хонаи зани мусофирро вайрон кардан гуноҳ аст? Магар шавҳарам фаромӯш кард, ки ман дар ин ҷо барои кӯдакони ӯ ҷон коҳонда истодаам?

Асабҳоям хароб гаштаву чиптаи ҳавопаймо харида рафтаниам.

Мехоҳам парвоз карда раваму ин ноадолатиро бо чашми худ бубинам. Аммо дар даруни оташи қаҳру ғазаб як садое маро бозмедорад: “Сабр кун, хонаатро бо дасти худ вайрон накун!”.

Дар чорроҳаи қисмат мондаам. Агар равам, ҷанҷол мешавад, агар наравам, дилам метаркад. Чӣ кор кунам, ки ҳам ғурурамро ҳифз кунаму ҳам ошёнаи кӯдаконам вайрон нагардад?

Бо эҳтиром, У.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД