Домуллои муҳтарам. Кӯдаки чор моҳа дорам, ӯ ба ғайр аз шири модар чизе намехӯрад.
Мегуфтед, ки ман метавонам рӯза гира ё не?
Хонанда
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ, Сардори Раёсати Фатвои Маркази исломии ҶТ
Барои хоҳароне, ки тифли ширхора доранд. Агар рафту моҳи мубораки Рамазон Рамазон барои худи модар ё тифлиаш зиён дошта бошад, метавонад рӯзаашро бихӯрад.
Дар сурате, ки агар модар барои таъмини ғизо аз маҳсулоте, ки имрӯз дар муомилот асту аз он истифода кунаду рӯза бигирад ва зиёну зараре барои ӯву тифлаш нарасад, боке надорад.