Formula novemver 2024
БО ФАРЗАНД ШАВҲАРРО ҚАПИДА НАМЕТАВОНӢ!
08.05.2021
Оила
4336

 Ҳафтаи гузашта номаеро таҳти унвони “Шавҳарам бадрашк аст” мутолиа намудаму ҳаёти талхи худам пеши назар омад.

Хоҳари азиз! Андешаи он ки тавлиди фарзанд оиларо мастаҳкам мекунад, ғалат аст. Ман ба хотири мустаҳкамии оила пай дар пай се фарзанд таваллуд кардам, вале шавҳари бадгумонам ҳамоно рашк мекарду маро зери мушту лагад мегирифт.

Ҳарчанд пеши пояш афтида, гиряву зорӣ мекардам, ки ягон гуноҳ надорам, беҳуда дилсардӣ накунад, вале ӯ мудом айб ҷуста, маро аз ҷонам сер мекард. Кор ба ҷое расид, ки аз шавҳарам ҷудо шуда, бо се фарзанд ба хонаи падар баргаштам. Дарк кардам, ки фарзандон садди роҳи ҷанҷолу нотифоқиҳо дар оила шуда наметавонанд. Баръакс, мушкилоти рӯзафзун, ниёзи тифлакон ба хӯрок, пӯшок, доруву дармон, лавозимоти мактабӣ боиси норозигии байни зану шавҳар мешавад. Фикр кунед, агар дар ҳақиқат ҳам фарзанд ба дунё оварданӣ бошед, ба равоншинос маслиҳат намоед ва гӯед, ки дар сурати давом ёфтани ҷангу ҷанҷолҳо шумо аз шавҳаратон ҷудо шуданиед. Он гоҳ равоншинос ба шумо чӣ гуна рафтор карданро маслиҳат медиҳад. Ҳамчунин, оиди беҳтар сохтани вазъи оилавиатон низ маслиҳатҳо гирифта метавонед.

Қамчинбекова, муаллима

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД