- Шахсоне, ки доғи судӣ доранд, метавонанд ба кишварҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд ё не?
Ҷавоб:
- Масъалаи сафари шахсони дорои доғи судӣ дошта ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои хориҷа ба ду омили асосӣ вобаста аст:
- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (оё баромадан аз кишвар манъ аст?).
- Қонунгузории давлати қабулкунанда (оё давлати хориҷӣ онҳоро қабул мекунад?).
1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон, агар нисбати шахс маҳдудияти ҳуқуқӣ (ба монанди манъи сафар аз ҷониби суд) амал накунад, доғи судӣ худ монеаи расмӣ барои баромадан аз кишвар нест, ба шарте, ки ҷазои таъиншударо (маҳрумият аз озодӣ, ҷарима ва ғ.) аллакай адо карда бошад.
2. Қонунгузории давлати қабулкунанда (давлати хориҷӣ)
Ин омили муҳимтарин аст. Қабули муҳоҷири меҳнатӣ пурра ба қонунҳои давлати қабулкунанда вобастагӣ дорад. Аксари давлатҳо, аз ҷумла Федератсияи Русия, ки макони асосии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, аз муҳоҷирон маълумотнома дар бораи доғи судӣ (судимость) талаб мекунанд.