Хоб дидам, ки дар боғи сабзу хурраме сайругашт дорам. Дар китобе хонда будам, ки чунин хоб маънои ба биҳишт рафтани шахси хобдидаро дорад. Дар хобномаҳои исломӣ дар ин бора чӣ гуфта мешавад?
Наргис, шаҳри Душанбе
Боғи сабзе, ки дар он дарахту гул мерӯяд, дар хоб ба маънои ислом ва имон аст. Нафаре, ки дар хобаш дар боғи сабзу хуррам сайр мекунад, баъди марг ба биҳишт меравад. Боғро дар хоб об додан маънои бо завҷаи худ бо муҳаббат ва ризоият умр ба сар бурданро дорад.
Рафту дарахтони боғ мевадор бошанд, пас шахси хобдида фарзанддор мешавад. Агар нафаре дар хоб бинад, ки боғи ӯро шахси бегонае об медиҳад, хоби нек нест. Мард дар хоб як қисми боғи худро бе дарвоза хоб бинад, аз завҷааш ҷудо мешавад.
Боғҳои ношинос дар хоб инъикоскунандаи биҳиштанд, шахсе ки дар чунин боғ сайр мекунад, вориди биҳишт мегардад. Ҳама гуна замину боғҳои сабз дар хоб ҳамчун дини ислом таъбир мегарданд. Нафаре, ки дар хобаш дар чунин боғҳо сайр мекунад, талаботҳои исломро риоя намуда, некӣ ба даст меорад.
Ҳамзамон, боғ дар хоб таҷассумгари зан аст, ҳамчуноне, ки боғ обод мегардад, ҳамон гуна оила калон шуда, сафи фарзандон меафзояд. Таъбири боғ дар хоб зану фарзандон, боигариву хушрӯзӣ ва аз ғаму андуҳ раҳо гаштан низ аст.
Дар хоб дидани нафаре, ки аз боғи сабзу шукофон ба замини бе сабза, биёбон ё ҷои торик ворид мегардад, аз заифии имон ва даст ба гуноҳ задан ҳушдор менамояд.