Домуллои муҳтарам. Дар масъала мехостам равшанӣ андозед. Лутфан мегуфтед, ки бо азоне, ки аз телефон шунидааст, шахс метавонад намозашро гузорад?
Абдуллоҳ, намозгузор
Посухи намояндаи Раёсати фатвои ҶТ
Бародари гиромӣ. Дар масъалаи саволи шумо ҳаминро қайд кардан мумкин аст, ки бо чунин азон намоз гузоштан дуруст нест, зеро уламо овози азон ва Қуръонро, ки аз телефон ва дигар таҷҳизоти савтӣ шунида мешавад, ба акси садо қиёс кардаанд ва он ҳукми азони ҳақиқиро надорад. Аз ин ҷиҳат бо шунидани азон аз телефон суннати азон ба ҷо намеояд, бояд азон гуфта шавад.