Салом! Маро бо ҷавоне чанд моҳ пеш аз Рамазон фотиҳа карда буданд. Барои он ки хислатҳои ҳамдигарро омӯзем, телефонӣ суҳбат мекунем. Дар давраи Рамазон низ номзадам ба ман занг зада, суханҳои ширин мегӯяд. Як дугонаи қуръонхонам гуфт, ки ин гуноҳи бузург аст. Мехоҳам донам, ки зан ё духтари рӯзадор бо ҷавонмарди номзадаш суҳбат кунад, рӯзааш мешиканад ё не?
М. З.
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Суҳбат бо номзадатон, агар шаҳватбарангез набошад, ҷоиз аст, вале суҳбатҳои беҳуда ва барангезандаи шаҳват бошад, ҷоиз нест. Зери по намудани ҳадди шаръӣ дар ҳоли рӯза бошад (яъне ҳудуди шаръӣ дар ҳоли рӯза поймол шавад), савоби рӯза кам мешавад ва гуноҳи он бадтару сангинтар аст, зеро он дар замони бофазилат (дар моҳи Рамазон) рух додааст. Барои рӯзадор шоиста аст, ки рӯзаашро аз ҳар чизе, ки ба он халал ва нуқсон ворид мекунад, ҳифз намояд.