Arzon march 2024
Бо амри модар занро задан равост?
26.02.2022
ОИЛА
2121

Аксари хушдоманҳо келинҳояшонро чашми дидан надоранд ва қасдан мудом шӯрандозӣ мекунанд, ки писарашон занашро зери мушту лагад бигирад.

Ҳамсараш айбе надошта бошад ва писар гилаву озори модарро ба эътибор нагирад ё худро ношунида вонамуд созад, албатта модар меранҷад ва ӯро занкалон меномад. Оё итоат кардан ба модар дар чунин ҳолат воҷиб аст?
Умед, аз Русия.

Посухи домулло Ҷомолиддини Хомӯшӣ
Ҳамсари шумо ахлоқи хуб дошта бошад, итоат кардан ба модаратон воҷиб нест. Дар чунин маврид гапи модаратонро нагиред, гунаҳгор намешавед. Ба ҳар ҳол кӯшиш кунед, ки дили ҳардуро ба даст оред ва нагузоред касе аз онҳо аз шумо ранҷанд. Худо нигаҳбонатон бошад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД