Sebiston new 2024 october
БЕВАИ ҲАФТДАРА (қисми 3)
23.08.2020
Дилошӯб
3590

Давомаш ...

Аслан ҳамсояҳоямон ҳама занони аз ман калон бошанд ҳам, ман дар маъракаҳо аз ҳама болотар шишта, ба касе гап намедодам. Ҳамеша тахту бахтамро таъриф мекардаму онҳо бо даҳони во ба ман менигаристанд.

Боре дар як маърака Хадичаро зиёд таъриф карданду ман гуфтам, “ин зан ба хотири хонаю дару шаҳр хизматгори бохчонаш шудааст. Кӣ беҳуда як зани бегонаро нигоҳ мекунад?!”

Як зани ҳамсоя сахт карда гуфт:

- Мебахшеду даҳонатонро нигоҳ карда, гап занед. Хадича хонаю дар ва писару келин дорад. Ба чизе чашм ало накардааст, аммо як чизи дигарро тақдир мегўянд. Ман гапи ҳамсояро гардонида, гуфтам:

-Тақдир пақдир дурўғ аст, Хадичаи шумо ба хотири пулу моли мардак ва тўҳфаҳои гаронбаҳои духтарони ў ифлосиҳои як кампири фартутро ба дидаҳо мебардорад…

Он зан ҳам паст наомада маро чанд носазо гуфту маъракаи хурсандӣ ба ҷанҷолхона табдил ёфт…

 

Дуои Хадича

Ҳамон шом занги дарам пайваста садо дод. Онро кушода, дар рў ба рўям Хадичаро дидам. Ӯ бо чеҳраи гирифта гуфт:

- Фозила, ту маро нашиносӣ дар бораи тақдири ман чизеро надонӣ, ҳамсину солам набошӣ, чаро дар маъракаҳо пойи маро хоида мегардӣ?!

- Ииииии, ки пойи туро хоидааст? Ман ростӣ гапро гуфтам. Хайр, дурўғ аст?! Ту зӯромад надошта бошӣ, чаро як кампири касалро бонӣ карда мегардӣ?!

Хадича худро ба зӯр дошта, пичиррос зад:

- Шавҳари ман дар саддамаи нақлиётӣ ҳалок шуд. Бо писари ягонаам танҳо мондам, аммо ту баринҳо ба ҷону ҳолам намонда як бало дорад, ки шў намекунад гўён аз пасам гап карда гаштанд. Баъд модарам писарамро гирифта, худамро аз тарси бадзабонҳо ба шавҳар дод….

- Хайр, ана барои як мардаки бегона писаратро ҳам партофта будаӣ, - фарёд задам ман. Гўё аз ҳамин кор бароям фоидае бошад.- Беваи дарди сар ки будӣ, очаат пулу моли мардака гирифта шўят дод!

Хадича рў ба қибла гашта, бо гиря гуфт:

- Худованд беваи ҳафт дар шавию аз дилаки ман хабардор...

Ман ўро аз назди дар ронда, бо овози баланд фарёд задам:

- Бо дуои курмўш ҳаво намеборад!

Пас аз як ҳафти ин гуфтугў палонҷи Хадича аз олам гузашт. Пас аз гузаронидани чили ў Хадичаю шавҳараш аз бинои мо кўч бастанд. Ҳамсояҳо мегуфтанд, ки онҳо ба ҳавлиашон рафтаанд. Дари хонаи рў ба рўямон ҳамеша баста буд, гоҳ-гоҳе як ҷавони қоматбаланди зебо омада онро хабар гирифта мерафт, ки ба Хадича хеле монанд буд…

 

Дуо тир будааст...

Аз байн як сол гузашта буд, ки хусурам аз дунё гузашт. Баъди фавти хусурам маълум шуд, ки ў қарзҳои калон доштааст. Тамоми дороиямон сарфи қарзҳои хусурам шудю. Ҳеварам, ки акнун оиладор шуда буд, зану модарашро гирифта, ба Русия ба мардикорӣ рафт. Шавҳари ман ҳам хонаамонро ба гарав монда, пул қарз гирифт, то тиҷорати нав оғоз кунад, вале кораш омад накард.

Вақте бонк хонаамонро кашида гирифт, шавҳарам аз асабонияти зиёд ба бемории рўҳӣ печиду худашро овехт. Мани бева бо духтарчаам ба хонаи модарам баргаштаам. Апаи пирдухтарам худашро хуҷаини мутлақи хона ҳисобида, ману духтарамро намегузошт, ки сахттар қадам монем.

Падару модарам низ дастнигари апаам буданд, зеро дар хонаамон ў маоши калон гирифта, рўзгорро пеш мебурду додари донишҷўямро нигоҳ мекард. Бо даву този зиёд дар мактабе ба ҳайси фаррош ба кор даромадам. Духтарамро ҳамроҳам дар сармою гармо ба кор мебурдам. Ҳамаи ин ба саломатиаш таъсири бад расонид, ки гурдаҳояш бемор шуданд. Шабу рўз мегиристаму худамро мазаммат мекардам, ки хулқи бадам балои сарам шуду дуои Хадичаи беозор маро гирифт…

Давом дорад ...

Аз идора: Идомаи қисаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД