Либоси бачагона барои тобистон бояд ба бадан форам бошад ва ба организм эҳсоси салқинӣ диҳад. Фарқ надорад, ки кӯдак фасли тобистонро дар куҷо мегузаронад.
Новобаста аз он ки шумо бо кӯдаконатон дар ягон истироҳатгоҳ ҳастед ё дар хона, ба кӯдакон дар тобистон либосҳои аз матоъҳои пахтагин дӯхташударо пӯшонидан лозим аст. Мавҷуд будани миқдори ками нахҳои полиэстерӣ, синтетикӣ ва эластан дар таркиби матоъ фарсудашавии либосро пешгирӣ мекунад.
Беҳтарин либосҳои тобистона барои писарбачаҳо ва духтарон футболка, шим, шорти, юбка, куртаҳои пахтагин, сарафанҳои пахтагӣ мебошанд.
Дар тобистон пӯшидани шиму шорти барои писарон мувофиқ аст, зеро дар ҳавои гарм ба баданашон ҳиси салқинӣ медиҳад.
Барои духтарон туникаҳо, куртаҳои пахтагини сабук, сарафан ва юбкаро тавсия медиҳем.
Ба сари кӯдакон панама, кӯлоҳҳои бейсболӣ ё рӯймол пӯшонидан лозим аст, то ки сари кӯдакро аз таъсири гармӣ, нурҳои ултрабунафш ва чанг эмин дорад.
Лавозимоти дигаре, ки барои кӯдакон лозиманд:
Чатри тобистона
Чатр барои муҳофизати кӯдак аз нурҳои офтоб зарур аст.
Айнаки офтобӣ
Аз радиатсияи ултрабунафш муҳофизат мекунад. Айнакҳои дараҷаи муҳофизатиашон на камтар аз UV400-ро интихоб намоед.
Сумка
Ба он бозичаҳо, шарбат ва ашёҳои хурди гуногунро андохта метавонед.