Беҳтарин боғи мактабӣ муайян гардид
13.12.2024
ОИЛА.ТҶ
561

Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин боғи мактабӣ-2024” ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд. Озмуни мазкур бо мақсади иҷрои “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин боғи мактабӣ-2024” дар байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ эълон шуда, ҳанӯз моҳи май шуруъ гардида буд. Ба комиссияи озмун муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 33 дархост ирсол кардаанд. Аз ҷумла, 9 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд дар озмун ширкат варзидаанд.

Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиии №38-и ноҳияи Деваштич баргузор гардидааст, зеро дар муассисаи мазкур намунаи беҳтарини боғи мактабӣ ташкил шудааст.

Дар ҷамъбаст муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиии №38-и ноҳияи Деваштич, №14-и ноҳияи Спитамен сазовори ҷойи якум ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №22-и шаҳри Истаравшан, №3-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сазовори ҷойи дуюм гардидаанд.

Ба ғолиби ҷойи якум 10 000 сомонӣ ва ҷойи дуюм 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва инчунин сертификат тақдим карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Беҳтарин боғи мактабӣ муайян гардид
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси