Беш аз 8000 хонанда дар «Ҷилои дониш» иштирок карданд
22.12.2025
Oila.tj
30

Дар 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озмуни «Ҷилои дониш» баргузор гардид. Дар озмун беш аз 8000 нафар хонандагони синфҳои 3 ва 4 иштирок намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, озмун бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат, баланд бардоштани сатҳи донишу тафаккури зеҳнӣ, инчунин тақвияти шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиш роҳандозӣ гардида, дар миёни иштирокчиён фазои рақобати солим ва рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро ба вуҷуд овардааст.

Тасмим гирифта шудааст, ки дар оянда теъдоди иштирокчиёни озмуни «Ҷилои дониш» ба беш аз 50000 нафар хонанда расонида шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД