goodwell
Беш аз 6 ҳазор сомонӣ ҷарима барои додани кортҳои бонкӣ ба дигарон
13.10.2026
Oila.tj
138

Дар Тоҷикистон барои ба шахси дигар додани кортҳои бонкӣ, суратҳисобҳо ва ҳамёнҳои электронӣ ҷаримаҳои маъмурӣ пешбинӣ шудаанд. Ҳаҷми ҷарима вобаста ба ҳолат метавонад аз 780 то 6 630 сомонӣ бошад.

Тибқи иттилои нашршуда, тағйироти дахлдор ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шудаанд.

Сабаби ҷорӣ шудани ин чораҳо истифодаи кортҳо ва суратҳисобҳои бонкии шаҳрвандон аз ҷониби қаллобон ва киберҷинояткорон мебошад. Онҳо метавонанд чунин воситаҳои молиявиро барои қонунигардонии маблағҳои ғайриқонунӣ ва анҷом додани дигар амалиёти ҷиноятӣ истифода баранд.

Мушкили асосӣ дар он аст, ки баъзе шаҳрвандон кортҳои худро аз рӯйи нодонӣ ё бо гирифтани маблағи муайян ба шахсони дигар, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ месупоранд. Дар чунин ҳолатҳо, ҳатто надонистани мақсади истифодаи корт метавонад шахсро аз ҷавобгарии пешбинишуда озод накунад.

Ҳамчунин, барои такроран содир намудани чунин ҳуқуқвайронкунӣ дар давоми як сол ҷазои вазнинтар пешбинӣ шудааст.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки кортҳои бонкӣ, маълумоти суратҳисоб, рамзҳои махфӣ ва дастрасӣ ба ҳамёнҳои электронии худро ба дигарон надиҳанд. Пеш аз додани маълумоти бонкӣ ё анҷом додани амалиёти шубҳанок зарур аст, ки аз бонки худ машварат гиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД