Arzon march 2024
Беш аз 21 ҳазор сомонӣ ҷарима барои маъракаи ҳоҷизиёрат
533

Сокини ноҳияи Муминобод Раҷаб Азизовро барои баргузор намудани маъракаи ҳоҷизиёрат 21 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима карданд. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни як рейд, ки аз ҷониби кормандони ин ниҳод гузаронида шудааст, ташкил намудани маъракаи ҳоҷизиёрат аз ҷониби сокини ноҳияи Муминобод Раҷаб Азизов ошкор карда шуда, барои вайрон кардани қонуни танзим номбурда ба маблағи 21 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Гуфта мешавад, ки Азизов Раҷаб қисми 2-и моддаи 13-и қонуни танзим (ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ...)-ро нақз кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД