Commerce bank may-june 2026
Беш аз 1 миллиарду 159 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст
22.07.2026
Oila.tj
242

Дар натиҷаи дахолати мақомоти прокуратура дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба давлат ва дигар манфиатҳо беш аз 1 миллиарду 159 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст. Дар ин бора Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Тавре дар нишасти матбуотии Прокуратураи генералӣ иттилоъ дода шуд, аз ин маблағ 365 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор гардидааст.

Ҳамчунин, 107 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуда, 1 ҳазору 430 сар чорво низ ба соҳибони қонунии худ барқарор гардидааст.

Ба иттилои мақомоти прокуратура, дар ин давра 22 ҳазору 63 муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ворид шуда, 6 ҳазору 620 муроҷиат бевосита аз ҷониби прокуророн баррасӣ ва 1 ҳазору 826 муроҷиат қонеъ карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД