Шаби 8 ба 9 август паҳлавонони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг бо медалҳои нуқраи мусобиқаи Hungary Masters 2023 аз шаҳри Будапешт ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Беҳрӯз ва Темурро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наздикону пайвандон, дӯстон ва намояндагони соҳаи варзиши мамлакат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Hungary Masters 2023 оид ба гӯштини ҷудо аз 4 то 6 август дар шаҳри Будапешти Маҷористон бо иштироки 420 варзишгар (217 мард, 203 зан) аз 59 кишвар доир шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Эмомалии Нуралӣ ва Обид Ҷебов, ҳар ду дар вазни то 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг муаррифӣ намуданд. Аз байни онҳо Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов соҳиби медали нуқраи мусобиқа гардиданд.
Қобили тазаккур аст, ки мусобиқаи Hungary Masters-2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор гардид. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мегарданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ 200 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 6000 евро, ба барандагони медали нуқра 4000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 2000 евро такдим мешавад.
Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз хоҳанд шуд. Аз ҷумла, ғолибон 1800 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 1260 ва ҷойи сеюм 900 имтиёз гирифтанд.