Сафари кишвардори Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон лағв шуд.
Қарор буд, Бердимуҳаммедов рӯзи 10-уми апрел вориди Душанбе шуда, дар чанд нишаст ширкат кунад. Далели таъхир ёфтани сафар мотам дар оилаашон аст.
Тавре ки қаблан иттилоъ додем, дирӯз бибии кишвардор аз олам даргузашт ва бинобар ин, тамоми нақшаҳои ӯ бекор гардид, аз ҷумла омаданаш ба Душанбе низ.
Гуфта шуд, ки ин сафар барои муҳлати номуайян таъхир ёфт.