Салом! Ман як зани муҳоҷири тоҷик, мехоҳам сарнавиштамро нақл кунам, то ки ба дигарон дарси ибрат гардад.
Ман дар як деҳаи кӯҳӣ ба дунё омадаам. Дар мактаб аъло мехондам, вале падару бародаронам “духтара чию хонданаш чӣ” гӯён, баъди хатми мактаби миёна маро дарҳол ба ҷавоне, ки аслан намешинохтам, ба шавҳар доданд. Ҳафт пушти домодро нашиносам ҳам, аз рӯйи мақоли халқии “Падар розӣ-Худо розӣ” амал карда, бо сари хам ба шавҳар баромадам. Боварӣ доштам, ки падару модар фарзанди худро ҳаргиз ба оташ намепартоянд ва волидони ман низ инсони арзандаеро бароям интихоб намудаанд, вале сахт хато кардам.
Пас аз тӯй фаҳмидам, ки шавҳарам бекорхӯҷа, бар замми ин, майзада будааст. Хусуру хушдомани пирам бо пули ночизи нафақаашон базӯр аробаи зиндагиро кашола мекарданд, вале шавҳари ман, ки писари ягонаи оила буд, заррае парво надошт, кораш фақат хӯрдану хобидан буду халос. Ин марди беор баъзан ҳатто чизу чораи хонаро дуздида мебурд ва ба як пули сиёҳ фурӯхта, ба пулаш арақ мехарид ва бегоҳ масту аласт бармегашт. Волидонам маро насиҳат мекарданд, ки тоқат кунам, фарзанддор, ки шудем, ақли шавҳарам ба сараш мезанад, вале якто не, чор фарзанд ба дунё овардаму ин мардак ҳеҷ одам нашуд. Хусурам аз писари бекорхӯчааш безор шуда, оқибат моро аз хона берун кард ва духтари хурдиашро бо шавҳару фарзандонаш ба хонаи худаш кӯчонда, ҳавлиро ба номашон кард. “Бо ин хел писар мурдаи мо дар кӯча мемонад. Хонаро ба номи домоду духтарам мекунем, то ки мурдаву зиндаамонро соҳиб шаванд” гӯён, пиру кампир манзили худро ҳамчун мерос ба номи духтару домодашон ҳуҷҷат карданд. Ҳамин тавр, бо 4 фарзанд дар кӯча мондем, аммо шавҳарамро ин кори волидонаш ҳам сари номус наовард. Вай аз пештара дида бештар шароб менӯшид ва ба қавли худаш “ғами дилашро мебаровард”.
Дидам, ки намешавад, умедамро аз шавҳарам ба пуррагӣ кандам ва фарзандонамро ба модарам ва апаҳоям монда, ба муҳоҷират рафтам. Ба назди як дугонаам, ки дар Туркия кор мекард, рафта, дар як корхонаи либосбарорӣ ба кор даромадам. Ростӣ, аввалҳо хеле азоб мекашидам, чунки забони туркиро намедонистам, вале оҳиста-оҳиста забон ва роҳи корро ёд гирифтам. Бо меҳнати ҳалол кор карда, ҳар моҳ барои хӯрдану пӯшидани кӯдаконам ба хона пул мефиристодам ва кам-кам маблағ захира менамудам. Дар бадали 5 сол маблағи хуб ҷамъ карда, замин гирифтам, боз 5-6 соли дигар дар Туркия кор карда, хонаи зебои дуошёна сохтам.
Ҳамин тавр, дар бадали 10-12 сол зиндагиамро ба сомон дароварда, бо меҳнати ҳалол соҳиби хонаву дар гаштам, фарзандонамро хӯрондам, пӯшондам, соҳиби маълумоти олӣ намудам. Духтари калониамро бо обрӯ ба шавҳар дода, наберадор шудам. Ҳоло ду писарамро якбора фотиҳа кардаам ва наисб бошад, ба наздикӣ ду келин мефарорам. Умри ҷавонам сарфи ранҷу азобҳои муҳоҷират гашта бошад ҳам, пушаймон нестам, чунки бе миннати касе соҳиби хонаву дар шудам. Шавҳарам то ҳол майзадагиашро давом дода, дар ба дари мардум мегардад. Чанд маротиба ба наздам омада, зорию тавалло кард, ки оштӣ шавем, аммо ман қабулаш накардам. Аз чунин шавҳари беномус доштан танҳо будан сад бор авлотар аст.
Ба занҳое, ки аз рӯйи шавҳари беномус бо чанд фарзанд сарсону саргардон ҳастанд, гуфтаниям, ки навмед нашаванд. Бо умеди шавҳар нашуда, худашон ҳалол меҳнат кунанд, бо инояти Худованди меҳрубон ба ҳамаи хостаҳои дилашон мерасанд. Фарзандони худро нағз тарбия карда, хононанд ва соҳиби касбу ҳунару савод гардонанд. Дар пирӣ фарзандонашон дастгиру мададгори модари аз падар ҳам баномустар хоҳанд гашт.
ГУЛДАСТА, аз шаҳри Ваҳдат