arzon replenishment
Беморие, ки боиси бенаслӣ мегардад, агар...
533

Паротит, ки дар байни мардуми тоҷик бештар бо номи ”Ғургӯшак” машғур аст, аз зумраи бемориҳои эпидемиявии инфексионӣ буда, аз кӯдаки бемор ба кӯдакони солими дар гирду атрофаш буда ба осонӣ гузашта метавонад. Бемории мазкур зоҳиран чандон касалии вазнин наметобад, вале дар сурати бепарвоӣ зоҳир намудан дар табобати он, боиси пайдоиши баъзе оризаҳои дигар гашта, оқибатҳои ногуворро ба бор оварда метавонад.

Ғургӯшак чӣ гуна беморист?

Паротит ё ғургӯшакро аксари мардум “свинка” меноманд. Бар асари ин беморӣ ғадудҳои оби даҳон, ки дар паси гӯш ҷойгир шудаанд, варам карда, шакли рӯйи кӯдак дигаргун мешавад ва ба хубон-хукча каме монандӣ пайдо мекунад. Аз ҳамин сабаб ин касалиро “свинка” низ меноманд.

Киҳо ғургӯшак мешаванд?

Ба гурӯҳи хатар асосан писарчаҳои аз 3 то 15-сола дохил мешаванд, вале баъзан ғургӯшак дар духтарчаҳо низ пайдо мешавад. Илтиҳоб метавонад аз ғадудҳои оби даҳон ба дигар ғадудҳо гузашта, ба узвҳои ҷинсӣ низ зиён расонад. Дар сурати табобат накардани ин беморӣ писарони “свинка”-ро аз сар гузаронида, дар оянда бо мушкили бенаслӣ рӯ ба рӯ гашта метавонанд, бинобар ин, бо пайдо шудани нишонаҳои аввалини ғургӯшак ҳатман кӯдакро назди духтур бурдан лозим аст.

Ғургӯшак чӣ хел мегузарад?

Тавре ки болотар ишора кардем, свинка ба мисли гул касалии парамикровирусии гузаранда буда, бо роҳи қатрагӣ –ҳавоӣ аз кӯдаки бемор ба дигарон сироят мекунад. Беморӣ метавонад ҳатто вақти сӯҳбат кардан бо мариз сироят намояд, бинобар ин, кӯдаконеро, ки аз ин касалӣ эм-воксинатсия карда нашудаанд, аз кӯдаки бемор ҷудо нигоҳ доштан лозим аст.

Кӯдакони зерин дар гӯрӯҳи хатар қарор доранд:

• Тифлаконе, ки иммунитеташон заиф аст.

• Кӯдаконе, ки авитаминоз доранд.

• Кӯдаконе, ки тез-тез касал мешаванд ё бемориҳои инфексиониро аз сар гузаронидаанд.

• Тифлаконе, ки аз ин касалӣ эм (воксинатсия, прививка) карда нашудаанд.

Нишонаҳои беморӣ

Нишонаҳои беморӣ дарҳол пайдо намешаванд. Давраи инкубатсионӣ метавонад аз 9 то 21 рӯз идома ёбад. Кӯдаки аллакай сироятёфта дар ин давра зоҳиран солим менамояд, нағз хӯрок мехӯрад, медавад, бозӣ мекунад, ба боғча ё мактаб меравад, вале вирус бо воситаи оби даҳон ва хун оҳиста-оҳиста дар организм паҳн шуда, беморӣ бо табби баланд аз худ дарак медиҳад.

Нишонаҳои аввалини ғургӯшак беҳолию бемадорӣ, гум шудани иштиҳо ва дарди сар мебошад. Пас аз ин якбора табби кӯдак то 40-41 дараҷа баланд шуда, бехи гӯшаш варам мекунад ва шакли рӯяш дигар мешавад. Бо сабаби ниҳоят баланд шудани ҳарорати бадан кӯдакро талбарза фаро гирифта метавонад. Даҳони кӯдак хушк шуда, ноором мешавад ва беқарорӣ мекунад. Бо сабаби варам кардани бехи гӯш ва рӯяш кӯдак даҳонашро бо душворӣ мекушояд. Дар баъзе ҳолатҳо дар кӯдакони ғургӯшак шуда дарди шикам ва қайъкунӣ низ ба мушоҳида мерасад.

Беморӣ чӣ қадар тӯл мекашад?

Бо мушоҳида намудани нишонаҳои дар боло зикршуда ҳатман кӯдакро ба назди духтур бурдан лозим аст. Метавонед дар оғоз ба духтури кӯдакона-педиатр муроҷиат намоед. Табиб дар ҳақиқат нишонаҳои ғургӯшакро дар фарзанди шумо мушоҳида намояд, назди духтури сироятшинос-инфексионист мефиристад.

Ҳамин тавр баъди ташхиси ҳаматарафа реҷаи табобатро интихоб мекунанд. Табби кӯдак чандон баланд набошад ва беморӣ вазнин ҷараён нагирад, метавонед доруҳои фармудаи табибонро дар хона бигиред, вале аҳволи кӯдак хуб набошад ва табибон дар беморхона бистарӣ карданро маслиҳат диҳанд, ҳатман ин корро кунед, то свинка оризаҳои дигарро ба вуҷуд наорад.

Маъмулан пас аз 7–10 рӯз нишонаҳои беморӣ гум шудан мегиранд ва кӯдак худро беҳтар ҳис мекунад, вале барои пурра шифо ёфтан аз ин касалӣ ду ҳафта вақт лозим аст.

Кӯдаки шумо ғургӯшак шуд, чӣ бояд кард?

Фарзанди шумо ғургӯшак шуда бошад, ҳатман бо ин тавсияҳо амал намоед:

1. Кӯдаки беморро аз кӯдакони солим ҷудо нигоҳ доред, то ки беморӣ ба дигар бачаҳо нагузарад.

2. Кӯдаки ғургӯшак шуда бояд ҳатман реҷаи бистариро риоя намояд.

3. Ба кӯдак тез-тез об нӯшонед, ҳавои хонаи хобашро тоза карда истед.

4. Кӯдаки ғургӯшак шуда бояд ба парҳез риоя кунад. Ба кӯдак то шифо ёфтанаш хӯрокҳои серравған, бирёнӣ, тез, шӯр, консерваи дар намак хобондашуда, гӯшт ва ҳасиби дуддодашуда надиҳед.

5. Кӯдаки бемор бояд шӯрбо, шавла ва пюре хӯрад.

6. Пас аз ҳар дафъаи ғизохӯрӣ даҳону гулӯи кӯдакро бо оби каме намак дошта ё фурацилин обгардон кардан лозим аст.

7. Ба ҷойҳои варамкарда гармии хушк гузаронидан лозим. Метавонед намакро гарм карда монед ё аз грелаи электрикӣ истифода баред.

Сайругашт дар ҳавои тоза танҳо баъди ду ҳафтаи табобат иҷозат дода мешавад, вале кӯдак ҳанӯз ҳам таб кунад, беҳтараш ӯро аз хона набароред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД