Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 5 ҳазору 370 бекоркунии ақди никоҳ ё талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 895 адад ё 25% камтар аст. Ин нуктаро имрӯз, 8 август вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён зимни нишасти хабарӣ иброз дошт.
Мавсуф зикр кард, ки дар ин давра 32 ҳазору 151 акди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 қариб 2 ҳазор зиёдтар аст.
Бояд гуфт, ки дар 6 моҳи соли гузашта дар Тоҷикистон 30 ҳазору 266 ақди никоҳ ва 7 ҳазору 25 бекоркунии ақди никоҳ ё талоқ ба қайд гирифта шуда буд.