Formula novemver 2024
БЕКОРӢ МАРДРО КАСАЛ МЕКУНАД?
10.05.2021
Оила
2387


Бо сабабҳои номаълум корхонаи шавҳарам фаъолияташро қатъ намуд ва мардакам бекор монд. Одами сип-сиҳат баъди бекор монданаш ким-чихел парешонҳол шуда монд. Рӯзи дароз аз хона намебарояд, одамгурезу дамдузд шудааст. Бо корҳои майда-чӯйдае, ки маоши кам дорад, машғул шудан намехоҳад. Шавҳарамро чӣ тавр аз ин ҳолат барорам?

Мастура

Маслиҳат:
Табиати мард чунин аст, ки мушкили худро ба касе баён намекунад. Якбора бе кору бе пул мондан боиси бемориҳои асаб, ғадуди сипаршакл, фишорбаландӣ, захми меъда, дарди сар, бехобӣ ва ҳатто сусткамарии мард гашта метавонад. Дар чунин ҳолатҳо саводнокӣ, вазифа, касб, хонаву мол аҳамият надорад, бою камбағал аз бепулӣ як дардро эҳсос менамоянд.

Аксарияти занҳо дар лаҳзаи бепулии мард асабонияташонро пинҳон карда наметавонанд. Пайваста дар хона хобидану ҳузури мард ҳатто зани пуртоқаттаринро девона мекунад.

Хоҳари азиз! Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос шумо бояд шавҳаратонро бо таънаю маломат наранљонед. Норозигию ғур-ғури зан вазъиятро танҳо шадидтар мекунад. Бепулию бекорӣ дар назди азобҳои руҳие, ки мард мекашад, ҳељ аст-инро фармӯш накунед!
Усули беҳтарини рафъи озурдаҳолӣ –сайругашти якљоя дар ҳавои тоза мебошад. Бо машқи бадан машғул шудан низ мардро ба худ меорад. Бонувони заифу нозук дар чунин лаҳзаҳои ҳасос бояд мардони пурзӯри пешпохӯрдаро ба по хезонанд. Танҳо муҳаббат ва оқилагии шумо метавонад мардатонро аз ботлоқи ғам барорад. Бо сабру таҳаммул бошед, ба шавҳаратон имкони дарди дил кардан, бечоранолӣ намудан ва хомӯш истоданро диҳед. Ба фикр фурӯ рафтан мардро торафт бештар ба гирдоби ғам ғуттавар намуда, касал карда метавонад. Вазифаи шумо фикри имрӯзу фардоро кардан аст. Чӣ тавр?

Оиди чӣ гуна аз вазъият баромадан бо шавҳаратон маслиҳат кунед, вале дар сухан эҳтиёткор бошед, то гапи ноҷо зада, шавҳаратонро гунаҳкор накунед. Ҳеҷ гоҳ шаъну шарафи мардии ӯро паст назанед. Ин амали шумо боиси он мегардад, ки мард дергоҳ ба худ омада наметавонад.

Ба ҳељ ваљҳ дилсӯзии худро нишон надиҳед. Дилсӯзиятон боиси он мегардад, ки мард шуморо тарк месозад ё бо мурури вақт ба «бача»-и дастнигар мубаддал шавад. Шавҳар бояд фаромӯш насозад, ки танҳо мард љавобгари зану фарзанд ва оилааш аст. Эҳсоси масъулиятнокӣ ӯро зудтар ба худ меорад. Ин маънои онро надорад, ки шумо бояд дар љустуљӯи кор ба шавҳаратон кӯмак расонед. Аз хешу ақрабо, дӯстонатон барои ёфтани кор мадад пурсед. Вақте мард дастгириву муҳаббати занро ҳис мекунад, болу пар мебарорад. Исбот намоед, ки ӯро дӯст медоред ва ба ҳунару малакааш бовар доред.
Ба шавҳаратон фаҳмонед, ки зиёд ғам нахӯрда, гузаштаро фаромӯш кунад. Агар дар хона пул набошад, роҳҳои даромадро љӯяд. Бигзор дар аввал маблағи ночизе ба даст орад. Аз чизе шарм надорад. Муҳимаш тамоман бепул набошад. Ба он ки «одамон чӣ мегӯянд» аҳамият надиҳад. Он гоҳ кори наву мувофиқро албатта пайдо мекунад. Аз дӯстон, газетаву эълонҳо кор љӯед. Фаромӯш насозед, ки «ҳар шомеро саҳаре ҳаст».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД