Sebiston new 2024 october
Бег Сабур истеъфо дод!
888

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки президенти Федератсияи бокси кишварро бар уҳда дошт, аз мақомаш истеъфо додааст.

Мирзоалӣ Комил Ҷумахон ҳамучун президенти нави Федератсияи бокси Тоҷикистон аз ҷониби аъзои федератсияи интихоб шуд, хабар додааст Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Мирзоалӣ Комил, президенти навтаъсис ба Бег Сабур барои иҷрои вазифаҳояш дар вазифаи президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон изҳори сипос намуда, афзудааст, ки дастоварди варзишгарони мо дар чанд соли охир назаррас буда, Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддинов ду варзишгарамон –дар Чемпионати Осиё дар Урдун ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.

Номбурда ҳамчунин афзудааст, ки дар намуди бокс мо ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ, ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё дорем. Талош мекунем, дастовардҳо боз ҳам бештар шавад ва ин бе дастгирӣ ва ҳамкории якҷояи мураббиён имконпазир нахоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД