Имрӯз қисми хеле ками мардони тоҷик тоқӣ мепӯшанд. Аз ҷумла ман ҳам пӯшидани тоқиро тамоман хуш надорам. Мехоҳам донам, ки намозро бо сари луч хонам, ҷоиз ҳаст ё не?
Зафар, аз н. Файзобод.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Тибқи мазҳаби имом Ҳанифа сари луч хондани намоз кароҳият дорад, аммо ягон узр бошад ё ҷиҳати хушуъ ва хоксорӣ дар боргоҳи парвардигор бо сари бараҳна намоз хондан макруҳ нест.