1xbet
БДА дар 3 рӯз 300 ронандаро ҷарима кард
211

Дар бадали 3 рӯзи амалиёти “Истгоҳ” кормандони БДА зиёда аз 300 нафар ронандагонро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва нигоҳ доштани мошинҳояшон дар ҷойҳои мамнуъ ҷарима кардаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки ронандагон барои риоя накардан ба қоидаҳои ҳаракат, аҳамият надодан ба нишонаҳои роҳ, нигоҳ доштани мошин дар ҷойҳои мамнуъ ва қоидавайронкуниҳои дигар тибқи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷаримабандӣ шуда, мошинҳояшон ба муҳлати тӯлонӣ ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ бурда шудааст. Мошинҳо дар он ҷо аз 3 рӯз то 1 ҳафта нигоҳ дошта мешаванд.

Сабаби аз ҷониби ронандагон зиёд ба назар расидани вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахтро ба зиёд будани шумораи нақлиёт, таъмири роҳҳои асосӣ ва нигоҳ доштани мошинҳо дар канори роҳҳо, ки ҳаракатро барои дигар воситаҳои нақлиёт душвор мегардонад, рабт додаанд.

БДА аз мусофирон хоҳиш кардааст, ки ҳаёти худро дар хатар гузошта, ба автобус, троллейбус, таксӣ ва дигар мошинҳое, ки ронандагонашон ба хотири одам гирифтан дар қатори дуюм ва сеюм мошинро нигоҳ медоранд, савор нашаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД