Бо ташаббуси Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳлил ва баррасии вазъи хизмтарасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар кишвар ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ҷаласа намояндагони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд (ба таври маҷозӣ), шаҳри Душанбе, директорон ва намояндагони Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимиву клиникии тиби оилавӣ, марказҳои ҷумҳуриявии иммунизатсия, ВНМО, ташаккули тарзи ҳаёти солим, сартабибони таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе, инчунин сартабибони беморхонаҳои марказӣ, роҳбарони шабакаҳои муассисаҳои КАТС, мудирони шуъбаҳои таваллудӣ ва кӯдаконаи беморхонаҳои марказии як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва зерсохторҳои раёсати мазкур иштирок намудаанд.
- Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои ҳалталаби соҳа, аз ҷумла сабабҳои фавти модарон ва кӯдакон, фавти кӯдакон дар хона, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба модарону кӯдакон, аз ҷумла бақайдгирии саривақтии занони ҳомила барои назорати антенаталии сифатнок, пешгирии таваллуд дар хона, саривақт интиқол додани занони ҳомила ба муассисаҳои таваллудӣ, пешгирии оризаҳо дар дохили шуъбаҳои таваллудӣ, бақайдгирии саривақтии ҳодисаҳои таваллуд ва фавти кӯдакон, инчунин солимгардонии занони қобили таваллуд ва ҳомила, пешгирӣ ва табобати саривақтии бемориҳои дарунрав ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар байни кӯдакон, солимгардонии кӯдакони нуқсҳои инкишофдошта ва маъюб ва кор бо аҳолӣ дар самти баланд бардоштани маърифати тиббӣ мавриди муҳокима ва чораандешӣ қарор дода шуданд,- меафзояд манбаъ.