Суди Олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи Парвиз Одинаев, ки дар шиканҷа ва қатли писари 15-солааш Хусрав Одинаев муттаҳам дониста мешавад, оғоз намудааст.
Тавре бархе аз расонаҳо дар такя ба манбаъҳои худ навиштаанд, баррасии ин парвандаи пурсарусадо дар Суди Олии кишвар охирҳои моҳи сентябр оғоз ёфта, Парвиз Одинаев бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) айбдор дониста мешавад. Аслан ин банди қонун аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале ҳукми суд нисбати Парвиз Одинаев ҳанӯз содир нагаштааст.
Гуфта мешавад, ки парвандаи мазкурро дар Суди Олӣ судя Далер Холиқмуродзода баррасӣ мекунад, аммо тафсилоти дигари мурофиа дастрас нест. Интизор меравад, ки ба мурофиаи ниҳоӣ ҳангоми содир шудани ҳукм хабарнигорон роҳ дода мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки ин ҳодисаи ҷигарсӯз пас аз нашри як навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки гӯё аз ҷониби худи Парвиз Одинаев сабт шуда, дар он ин мард писари 15-солааш Хусрав Одинаевро бо гумони дуздии 600 сомонӣ истинтоқ мекунад, фош гашта, вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеа ба вуҷуд овард. Мақомот аз пайи тафтиши ин навор шуданд ва дере нагузашта Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 26-уми июл рӯй дода, Парвиз Одинаев писараш Хусрав Одинаеви 15-соларо дар дуздии 800 сомонӣ муттаҳам намуда, бо мақсади ҷазо додан, ин бачаи наврасро бо ресмон ба пушти мошинаш баста, кашола кардааст. Дар натиҷа писарбача ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар хона ба ҳалокат расидааст.
Наздикони ин хонавода, аз ҷумла модари Хусрави ноком дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, ки вақтҳои охир вай одатҳои бад пайдо карда, нос мекашид ва машрубот менӯшид ва гӯё падараш бо нияти “нек”, яъне аз роҳи бад баргардонидани фарзандаш ӯро чунин ҷазо додааст.
Мутаассифона, вақтҳои охир хушунату зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ва наврасон дар кишвари мо авҷ гирифта, ҳатто волидон боиси марги фарзандони худ гашта истодаанд. Аз ҷумла моҳи июни соли равон Юлдуз Бозорова, як ҷавонзани сокини ноҳияи Қубодиён се фарзанди хурдсолашро бо корд захмӣ кард ва дар пайи ин ҳодиса духтарчаи шашмоҳааш Ҳадиса ба ҳалокат расид. Пас аз ин дар ноҳияи Фархор боз як ҷинояти мудҳиши фарзандкушӣ сар зада, Мадина Ҳалимоваи 28-сола худро ҳамроҳи чаҳор фарзандаш ба дарёи Сурхоб партофт, вале худи зан аз об баромада, кӯдаконаш, ки 5-сола, 3-сола, 2-сола ва 2-моҳа буданд, қурбони ҷаҳли модар гашта, байни амвоҷи пуртуғёни дарё ҷон доданд.
Юлдуз Бозорова ба 28 соли зиндон маҳкум гашта, парвандаи Мадина Ҳалимоваро айни замон Суди вилояти Хатлон баррасӣ карда истодааст.