arzon replenishment
Баромадан ба кӯҳи Арафот дар хоб чӣ таъбир дорад?
1300


Салом! Ман чандин сол боз дар дил орзуи ширинеро мепарварам. Мехоҳам ба зирати Хонаи Каъба рафта, ба номи баланди ҳоҷӣ мушарраф гардам.

Ду-се шаб боз пай дар пай хоб мебинам, ки ба кӯҳи Арафот баромада истодаам. Хобамро ба дӯстонам нақл кардам. Гуфтанд, ки хоби дидаам бе хосият нест, вале таъбирашро дуруст шарҳ дода натавонистанд. Аз ҳамин сабаб ба шумо муроҷиат намудам, ки дар кушодани рамзи ин хоб ба ман кӯмак расонед ва бигӯед, ки кӯҳи Арафот дар хоб чӣ таъбир дорад...

Абдулло сокини шаҳри Ҳисор

Посух
Бародари азиз! Барои таъбири хоби шуморо пайдо намудан мо ба чандин хобномаҳо назар кардем. Қариб дар тамоми хобномаҳо омадааст, ки кӯҳи Арафотро хоб дидан бисёр хуб буда, фоли нек ва пайӯоми хурсандиовар мебошад.
Куҳи Арафот як навъ пайки хуш аз ҷониби офаридгор аст, яъне худованди меҳрубон бо воситаи чунин хоб ба шахси хобдида пайғом мефиристад, ки ба наздикӣ орзуҳояш амалӣ хоҳанд гашт.

Дар аксари хобномаҳо омадааст, ки хоб дидани кӯҳи Арафот разми мушарраф гаштан ба зиёрати Хонаи Каъба ва ҳаҷ кардан мебошад. Касе, ки дар хобаш худро дар Арафот мебинад, ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гашта, номи мубораки ҳоҷиро мегирад.

Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки кӯҳи Арафот дар хоб таъбирҳои дигар низ дорад. Мард хоб бубинад, ки ба қуллаи кӯҳи Арафот баромадааст ва касеро меҷӯяд, агар хеш ё одами наздики кайҳо гумгаштае дошта бошад, ӯро дубора зиндаву саломат пайдо мекунад. Одами чунин хоб дида бо касе қаҳрӣ бошад, оштӣ мешавад.
Дар маҷмӯъ кӯҳи Арафотро хоб дидан фоли нек буда, аз сар задани ҳодисаҳои хурсандибахш дар ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД