Дар шафати Студияи таълимии телевизеонии факултети журналистика бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио ва раёсати Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бунёди студияи телевизионӣ оғоз гардид.
Моҳи сентябри соли гузашта рӯи мавҷи хоса дар диапазони муайян Радиои донишгоҳ ба фаъолият шурӯъ намуда, дар пояи факултети журналистика телевизиони донишгоҳӣ таъсис меёбад, дар ин бора Бахтиёр Қутбиддинов, декани факултаи журналистикаи ДМТ дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.
Дар бандҳои нақша чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои протоколи маҷлиси машваратии назди Вазири маориф ва илми ҶТ аз 20.05.2022,№05/1-3, ки зимни вохурӣ бо ректорони муассисаҳои таълимии дар тобеъияташон ихтисосҳои журналистика доранд, таъсиси телевизион ворид гардидааст.
Бахтиёр Қутбиддинов аз замонҳои донишҷӯии худ ёдовар шуда гуфтааст, ки “Як замоне, ки мо донишҷӯ будем ҳавас мекардем, ки садову симои мо тариқи радиову телевизион сабт ва пахш гардад. Акнун ин имконият дар дохили факултет ба вуҷуд омадааст.”
Телевизеони донишгоҳ дар оянда теливизиони ҷавонон, телевизиони таълимиву омӯзишӣ ва илмӣ барои ҳамаи 19 факултети донишгоҳ хоҳад буд.
Дар заминаи ин телевизион метавон рушди журналистикаи соҳавиро суръат бахшида, минбаъд дар пайдо кардани журналист-ҳуқуқшинос, журналист-сиёсатшинос, журналист-табиб, журналист-дипломат, журналист-таърихшинос, журналист-файласуф, журналист-биолог, журналист-эколог ва ғайра осонтар хоҳанд гашт. Аз миёни донишҷӯёни ин ихтисосҳо ҷавонони лаёқатманд муаррифгари соҳаи худ мешаванд, гуфтааст декани факулта.