Ба тиҷорати ҳайвонот машғулам. Ҳайвонҳоро харидорӣ карда, муддати муайян нигоҳубин мекунам ва фурӯхта, боз ҳайвони дигар мехарам.
Оё барои ин бояд андоз супорам?
К. Ф.
Посух
Дар деҳоту маҳаллаҳо чунин фаъолият бениҳоят зиёд аст ва мусаллам аст, ки дар аксари мавридҳо онҳо андоз намесупоранд. Тибқи тартиби кории шуъбаи бойторӣ молпарварро мебояд, ҳангоми фурӯш маълумотнома аз бойторро дастрас намояд, ки мол ба ягон намуди беморӣ гирифтор набошад ва ҳамзамон, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар амале, ки боиси ба даст овардани манбаъ нигаронида шудааст, бояд андоз супорад. Маълум аст, ки молпарвароне, ки бидуни ташкил намудани ферма дар хона молро парвариш намуда, мефурӯшанд, барои пешбурди рӯзғорашон равона гардида, дар Нозироти андоз худро ба қайд нагирифта, дорои патент ва ё шаҳодатнома намебошанд. Пас, гуфтан мумкин аст, ки агар фаъолияти молпарвар мунтазам мақсади ба даст овардани фоида бошад, бояд бо андозбандӣ фаъолиятро ба роҳ монад, зеро қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯйпуш намудани андоз аз тарафи шахси воқеӣ чораҳои муҷозотиро пешбинӣ намудааст.