Sebiston new 2024 october
Барои тавалудхона чӣ сарф мешавад?
921

 

Инак моҳи нуҳуми ҳомиладорӣ расидааст ва ташвиши ба дунё омадани тифл дили модарро бетоқат менамояд. Ин моҳ, на танҳо барои зани бордор, балки тамоми аҳли хонавода моҳи пурташвиш аст. Ҳама гӯш ба қимор меистанд, ки лаҳзаи ба дунё омадани меҳмони нав кай фаро мерасида бошад, вале аз ҳама бештар модар тавлиди тифли навзодро интизорӣ мекашад.

Имруз техникаи тиббӣ ниҳоят пеш рафтааст ва чанд моҳ қабл аз ба дунё омадани кӯдак ҷинс, вазн, қад, вазъи саломатӣ ва ҳатто рӯзи эҳтимолии таваллуд шуданашро фаҳмидан мумкин аст.

Имрӯз мо ба занҳои хушбахте, ки ба наздикӣ модар мешаванад, дар бораи он чизҳое маълумот медиҳем, ки зани ҳомила ҳангоми ба таваллудхона рафтан бояд ҳатман бо худ бигирад:

Парпеч

Пеш аз ҳама барои кӯдак чандто парпеч гирифтан лозим аст. Парпечҳо бояд ҳатман аз матоъҳои пахтагин бошанд.

Либос

Ҳамроҳи парпеч ду-се либоси навзодӣ гирифтан шарт аст. Либосҳо ҳам бояд ҳатман аз матоъи пахтагин омода шуда, аз гулу ороишоте, ки ба танаи нозуки навзод сахт мерасад, орӣ бошанд. Беҳтараш он либосҳои кӯдаконаеро интихоб намоед, ки бо поҷомааш бошад. Илова бар либос барои навзод ҳатман як- ду ҷуфт ҷӯробча ва кулоҳ гирифтан лозим меояд.

Собун

Фаромӯш накунед, ки шумо бояд барои фарзандатон собуни махсуси кӯдакона, салфеткаи намнок, уппо (присипка) ва малҳам барои аз зери урепча молидан бигиред.

Либоси занона

Дар баробари навзод модар низ баъди таваллуд ба нигоҳубини хос ниёз дорад. Аз ҳамин хотир зани ҳомиладор бояд барои худ таҳпӯши пахтагии махсус, ки барои синамаконӣ омода шудааст, бигирад. Ин барои ширдиҳии кӯдак кӯмак мерасонад.

Малҳам

Маъмулан дар рӯзҳои аввали ширдиҳӣ пистони зан шамол кашида, тасб карданаш мумкин аст. Албатта дар ин бора духтурони занона, ки ҳар субҳ занҳои нав тавалудкардаро аз назорат мегузаронанд, тавсияҳо медиҳанд, аммо пешаки тайёрӣ дидан саргардониро камтар мекунад. Барои накафидани пӯсти пистон шумо бояд аз дорухона малҳами махсус бигиред.

Асбоби ширҷӯшӣ

Тифли навзод хурдакак аст ва шири зиёдро макида наметавонад. Ин боиси он мешавад, ки дар пистони зан шир турш мешавад. Ҷамъшавии шир дар пистони модар метавонад ӯро бемор созад. Бинобар ин, барои шири зиёдатиро ҷӯшида партофтан асбоби ширҷӯшӣ харидорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД