Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои амалӣ намудани лоиҳаи "Таъмини гармӣ дар Душанбе" ба Тоҷикистон 6 миллион доллари амрикоӣ қарз ва бурсия ҷудо кардааст.
Тавре вакили парлумони кишвар Нигина Шарифзод зимни баррасии ин тарҳ изҳор доштааст, 3 миллион доллари маблағи ҷудокардаи бонк грант буда, 3 миллиони дигараш қарз аст.
Ҳадафи тарҳи мазкур навсозӣ ва тавсеаи шабакаҳои гармидиҳӣ мебошад ва дар доираи ин лоиҳа 193 бинову иншоот ва 8 истгоҳи обкашӣ ба системаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст карда мешаванд. Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа то соли 2028 бо гармӣ таъмин шудани беш аз 500 ҳазор сокини пойтахт дар назар дошта шудааст.