sebiston july new
Барои солим мондан дар Рамазон чӣ бояд хӯрд?
809

Саломатӣ ганҷи бебаҳост ва ҳар як инсон бояд ҳамеша барои солим мондан талош намояд. Ғизое, ки кас истеъмол мекунад, дар солимӣ ва қуввату нерӯи ӯ нақши муҳим мебозад. Аз ҳамин хотир имрӯз мо дар бораи мавзӯъи хеле муҳим-дар рамазон чи бояд хӯрд ва аз кадом ғизову нӯшокиҳо худдорӣ кардан лозим аст, маъмумот медиҳем.

Пурхӯрӣ накунед!
Албатта дили рӯзадор мехоҳад, ки дастурхони ифтораш пур аз хӯрданиҳои бомазза бошад, вале пур кардани мизро бо ҳар хел хӯроку шириниҳо ба шумо маслиҳат намедиҳем. Вақте ки одам рӯзи дароз гуруснаю ташна гашта, шомгоҳон якбора ба миқдори зиёд хӯрок мехӯрад, ҳазм кардани ғизо ба меъдааш душворӣ мекунад.

Гӯштбирёнро баъди рамазон хӯред!

Дар давраи рамазон хӯрдани хӯрокҳои бирёнӣ ва серравған, махсусан равғани гов, гӯсфанд ва дигар ҳайвонот маслиҳат дода намешавад. Дилатон бисёр гӯшт мекашида бошад, бо гӯшти гов шӯрбо пазед ё котлети қиммагӣ тайёр кунед ва онро дар буғ пухта, рӯйи дастурхон гузоред.

Ширинӣ боиси ташнагӣ мешавад

Дар давраи рамазон хӯрдани хӯрокҳои шӯр, тез, тунд ва ширин низ тавсия дода намешавад. Ғизоҳои тезу тунд сатҳи кислотаро дар ҷисми инсон баланд месозанд, хӯрданиҳои шӯр ва торту шириниҳо бошад, боиси ташна мондан мегардад.

Меваю сабзавоти тару тоза хӯред

Кӯшиш кунед, ки дар моҳи шарифи рамазон бештар меваю сабзавоти тару тоза истеъмол намоед ва ҷисми худро бо витаминҳо ва дигар моддаҳои муфид таъмин намуда, аз гирифтор гаштан ба ҳар гуна бемориҳо эмин бимонед.

“Фастфуд” ва хӯрокҳои хамирӣ нахӯред

Дар моҳи шарифи рамазон аз хӯрдани “Фастфуд” ва хӯрокҳои хамирӣ худдоррӣ намудан беҳтар аст. Моҳибирёнро низ тавсия намедиҳем, зеро моҳии шӯр хӯрда, шумо рӯзона сахт ташна мемонед.

Обҳои газнокро фаромӯш кунед!
Дар давраи рамазон нӯшидани оби тоза, чой ва компот аз хушкмеваҳо муфид мебошад. Тавонед гиёҳчой нӯшед. Шарбати навҷабидаи мева низ фоиданок аст. Нӯшидани обҳои газнок ва қаҳваро ба шумо тавсия намедиҳем.

Рӯзона каме хоб кунед
Азбаски мардуми мусалмон соатҳои 3-4 шаб барои саҳархӯрӣ мехезанд, аз хоб сер намешаванд. Барои барқарор намудани қуввату нерӯи ҷисмонии худ, агар имкон бошед, рӯзона байни соатҳои 13-16 ақаллан 30-40 дақиқа хоб равед. Боқӣ саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД