Дирӯз дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ аввалин музокироти сарони ду кишвари абарқудрати ҷаҳон - Русия ва Амрико баргузор гашт, ки яке аз масъалаҳои калидии он хотима додани ҷанг дар Украина буд.
Мулоқот 5 соат идома ёфта, дар баробари ҳалли сулҳомези масъалаи Украина ҷонибҳо ҳамчунин масоили дигари муҳим - муносибатҳои минбаъдаи Русияро бо Амрико ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурӣ барои вохӯрии сарони ин ду кишвар - Путин ва Трампро баррасӣ намуданд.
Дар музокирот аз ҷониби Русия вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сергей Лавров, ёрдамчии президент Юрий Ушакова, раҳбари Фонди сармоягузориҳои мустақим Кирилл Дмитриев ширкат доштанд.
Амрикоро Марко Рубио, вазири хориҷа, Ҷон Рэтклиф, раиси Хадамоти марказии истихборот, Майк Уолтс, мушовири амнияти миллӣ ва Стив Уиткоф, фиристодаи махсуси Амрико дар Шарқи Миёна намояндагӣ карданд.
Ҷониби Амрико ин музокиротро мусбат арзёбӣ намудаанд, вале таъкид кардаанд, ки ин вохӯрӣ оғози як роҳи душвор мебошад, ки ҳадафи асосии он ба таври одилона хотима гузоштан ба ҷанг дар Украина аст.
Ҷониби Русия гуфтаанд, ки пайвастани Украина ба НАТО ва ҳузури неруҳои аврупоӣ дар қолаби НАТО дар хоки Украина барои Маскав қобили қабул нест. Аммо дар маҷмуъ намояндагони Русия низ музокиротро хуб арзёбӣ намудаанд.
Тарафҳо ба хулосае омадаанд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи музокиракунанда ташкил дода, вазъият дар Украинаро баррасӣ мекунанд. Ба ҳайати музокиракунандагони Русия киҳо дохил мешаванд ва гуфтушундҳо аз кай оғоз меёбанд, инро президенти Федератсияи Русия Владимир Путин муайян хоҳад кард.