Баҳовиддин Ҳайдарови 49-сола ва писари ӯ Аловиддин Ҳайдарови 27-сола, сокинони деҳаи Гузари Моғиёни шаҳри Панҷакент, рӯзи 27-уми августи соли равон бо мошини “Тойота Ланд Крузер”, рақами давлатиаш 2222, ба тарафи пойтахт сафар карда, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бедарак шудаанд.
Бо гузашти ду шабонарӯз наздикони ин падару писар ягон иттилое дар бораи куҷо шудани онҳо пайдо накардаанд.
Рӯзи 29 август гурӯҳе аз сокинони Моғиён, тақрибан 60 нафар, ба ҷустуҷӯи Баҳовиддин ва Аловиддин баромадаанд.
Агар ин падару писарро дар ягон ҷо дидед ва ё дар бораи куҷо будани онҳо маълумоте ёфтед, бо ин рақам хабар диҳед: +992 90 757 3990.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27-уми август дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар натиҷаи борони пуршиддат селу сангфароӣ ба қайд гирифта шуд.
То имрӯз дар бораи дар ин селу боришот ба ҳалокат расидани 17 нафар, аксаран сокинони деҳоти атрофи шаҳри Ваҳдат, хабарҳо ба даст омадаанд.