Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти муовини комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Ф. Файзализода барои гирифтани пора хабар додааст.
Файзализода ҳамзамон сардори шуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буда, барои озод намудани ду ҷавон аз хизмати ҳарбӣ аз наздикони онҳо пули калон гирифтааст. Тибқи иттилои манбаъ, моҳи октябри соли 2025 Ф. Файзализода аз волидони ду ҷавон барои озод намудани писаронашон аз хизмати ҳарбӣ дар маҷмуъ 95 ҳазор сомонӣ гирифтааст, ки ба 10 ҳазор доллари амрикоӣ баробар мебошад.
Нисбати Файзализода бо иттиҳоми гирифтани пора аз сӯйи шахси мансабдор ва сӯйистифодаи мақоми хидматӣ бо моддаҳои 319, қисми 1 ва 391, қисми 1 КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст.