Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо мақсади шунидани арзу шикоят ва ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик телефони боварӣ ташкил кардааст.
Телефони боварии намояндагӣ +7(495)9679844 буда, аз соати 9:00 то 18:00 ба вақти Маскав фаъол мебошад.
Ин ниҳод менависад, ки тавассути ин рақам мутахассисон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кор, баргардонидани музди меҳнат ба муҳоҷирон кумак мерасонанд.